«ЧӢ ГАП»

СОЗИШНОМАИ ЛИТСЕНЗИЯ БО ИСТИФОДАБАРАНДАИ БАРНОМАИ «ЧӢ ГАП» 

ҶСП “Идиго Тоҷикистон” (минбаъд дар матн “Оператор”), ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ба истифодабаранда (минбаъд дар матн “Муштарӣ” хизматрасониҳо тариқи барномаи литсензионӣ (минбаъд дар матн “Чӣ Гап”)  барои таҷҳизотҳои мобилӣ, ки барои боргирӣ ва насб намудан дар торнамои www.tcell.tj ва www.chigap.tj  (минбаъд дар матн “Торнамои Оператор”) ва инчунин дар Google Play ва AppStore (минбаъд дар матн “Мағозаи барномаҳо”  дастрас мебошад, пешниҳод менамояд.

Созишномаи литсензияи мазкур (минбаъд дар матн “Созишнома”) як санади қонунии ҳатмӣ ба ҳисоб рафта байни Оператор ва Муштарӣ ба имзо расида, дорои ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Муштарӣ ва Оператор оиди истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” мебошад. Бо баробари истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ бо шартҳои Созишномаи мазкур ва инчунин сиёсати корбурди маълумоти шахсии Оператор, ки қисми ҷудонашавандаи ин Созишнома мебошад, эътироф ва қабул менамояд. 

1. ТАВСИФИ УМУМИИ БАРНОМАИ ”ЧӢ ГАП”
1.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад зангҳои садоиро иҷро ва қабул намояд,  зангҳои содиротиро ба таҷҳизотҳои Муштарии Муштариҳои Оператор, ва инчунин ба  рақамҳои муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, фиристондани паёмҳои кӯтоҳ ва  дигар хизматрасониҳои дар барномаи “Чӣ Гап” дастрас бударо истифода барад.

2. ИСТИЛОҲҲО ВА ШАРҲИ ОНҲО
2.1. Муштарӣ – шахси воқеӣ (шаҳрванд), ки бо роҳи бастани Шартномаи оммавӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии алоқа бо ҷудо намудани рақами Муштарӣ ва (ё) рамзи мушаххас барои ин мақсадҳо ба Шартномаи мазкур ҳамроҳ шудааст.
2.2. Шартномаи Муштарӣ - (Шартномаи оммавӣ), ки байни Оператор ва Муштарӣ дар бораи пешкаш намудани хизматрасонии алоқа баста шуда ва  дар торнамои Оператор интишор шудааст.
2.3. Рақами муштарӣ - рақам ва / ё рамзи беназири мушаххас (ё гурӯҳи рақамҳо / рамзҳо), ки ба Муштарӣ барои истифодаи муваққатӣ ҳангоми бастани Шартномаи Оммавӣ дода шудааст, ки бо дигар таҷҳизоти Муштарӣ пайваст карда мешавад ва ба муштарӣ имкон медиҳад, ки дар шабакаи Оператор шинохта шавад.
2.4. Таҷҳизоти муштарӣ – таҷҳизоти интиҳоии қонунӣ истифодашавандаи Муштарӣ, барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои Оператор истифода мешавад, мебошад.
2.5. Мушахассоти Муштарӣ – бахши Утоқи муштарӣ буда, дар он мушахассоти шахсии ӯ: ному насаб, мушахассоти шиноснома ва дигар маълумотҳоро дарбар мегирад.
2.6. Зангҳои IP-to-IP – зангҳое, ки тариқи барномаи “Чӣ Гап” дар шабакаи IP (аз ҷониби Муштарии истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап” ба ҷониби Муштарии дигар истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап”) оғоз ё хотима мегардад.
2.7. Зангҳои SIP IN – зангҳое, ки дар шабакаи телефонӣ оғоз ёфта дар шабакаи IP бо воситаи барномаи “Чӣ Гап” (зангҳое, ки ба ҷониби Муштарии истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап” омада расидааст) хотима мегардад.
2.8. Зангҳои SIP OUT – зангҳое, ки дар шабакаи IP (аз ҷониби муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ёфта дар шабакаи телефонӣ (ба Муштарие, ки ҳангоми қабули занг барномаи “Чӣ Гап” истифода наменамояд) хотима мегардад.
2.9. Ҳисоби шахсӣ – сабти номи ҳисобдори таҳлилӣ дар низоми биллингии Оператор, ки ба Муштарӣ амалиёт дар ҳисоби шахсӣ оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва пардохти онҳо нишон медиҳад, муқаррар мегардад.
2.10. Воридшавӣ - Рақами Муштарии Муштарӣ ва рамзи муштарӣ, ки барои ворид шудан ба Барномаи “Чӣ Гап” пешбинӣ шудааст.
2.11. Ҳисоби Муштарӣ – сабт дар базаи мушаххасоти Платформаи барномаи “Чӣ Гап”, ки дар он маълумот оиди Муштарӣ ва аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба, Номи корбар нигаҳ дошта мешавад.
2.12. Боздошт – маҳдудияти дастрасии Муштарӣ ба барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Оператор аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба ҳолатҳое, ки дар ҳисоби Муштарӣ вуҷуд надоштани маблағи кофӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап”. 

3. ФУНКСИЯҲОИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
3.1 Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имконият медиҳад, ки функсияҳои зеринро истифода барад, аз ҷумла, аммо маҳдуд накарда:
- Содир ва қабул намудани зангҳо;
- Фиристондани пайёмҳои кӯтоҳ;
- Илова намудан ё тағийр додани мушахассоти шахсии худ;
- Назорати тавозуни рақами Муштарӣ
- Пурра намудани тавозуни рақами Муштарӣ;
3.2 Дастрасии функсияҳо аз мавҷуд будани барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти Муштарӣ ва ҳамчунин аз мавҷуди барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти дигар Муштарӣ вобаста аст.
3.3. Функсияҳои барномаи “Чӣ Гап” метавонад бо ихтиёри Оператор дар ҳама ҳолат тағйир ёбад, ки бо он тағйиротҳо Муштариён метавонанд аз Мағозаи Барномаҳо ва ё аз Торнамои Оператор шинос шаванд.

4. АҲДУДИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
4.1. Созишномаи мазкур то лаҳзаи барҳам додани он аз ҷониби Муштарӣ ё аз ҷониби Оператор эътибор дорад. Муштарӣ метавонад дар лаҳзаи дилхоҳ Созишномаи мазкурро бекор намояд ва/ё бо ихтиёри худ аз истифодаи барномаи “Чӣ Гап” даст кашад.
4.2. Оператор дар навбати худ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонад Созишномаи мазкурро бо Муштарӣ бекор намояд, муваққатан ё то абад дар ҳолатҳои зерин имкони истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро роҳ надиҳад:
4.2.1. риоя накардани шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Муштарӣ;
4.2.2. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ бо истифода аз барномаи “Чӣ Гап” қонуншиканӣ ё ҳуқуқи ҷониби сеюмро вайрон менамояд;
4.2.3. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ кӯшиш беинсофона ё барои манофеи шахсии худ аз барномаи “Чӣ Гап” истифода менамояд;
4.2.4. агар Оператор асос дошта бошад, ки Ҳисоби Муштарӣ аз ҷониби шахси сеюм бо мақсади фиребгарӣ истифода мегардад; 
4.2.5. агар бинобар бо ворид намудани тағийрот дар қонунгузорӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии воҳидҳои танзимкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурят пайдо шавад;
4.2.6. агар ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра пешниҳод намояд;
4.3 Ҳамаи маводҳои аз ҷониби Муштарӣ нашршаванда, фиристодашаванда, қабулшаванда тариқи барномаи барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба матни Ҳол, аксҳо, видео ва дигар робитаҳо якҷоя «Маводҳои Муштарӣ» номида мешавад. Чунин Маводҳои Муштарӣ метавонад дар доираи барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштарӣ ҷойгузорӣ ва нашр гардад ва онро дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” метавонанд бубинанд. Муштарӣ эътироф менамояд ва розӣ ҳаст, ки ҳар Маводҳои Муштарӣ метавонад аз ҷониби дигар Муштариён, ки дорои Рақами муштарӣ ва барномаи “Чӣ Гап”, ки дар таҷҳизоте муштарӣ насб шудааст, дида шавад.
4.4 Оператор нисбат ба ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад. Муштарӣ барои Маводҳои шахсии худ, ва барои натиҷаи ҷойгузорӣ ва нашрнамоии Маводҳои Муштарии худ комилан ӯҳдадор мебошад. Маводҳои Муштарӣ мавқеъ ва/ё муносибати Оператор ба онҳоро баён наменамояд, ва Оператор барои саҳеҳӣ, дурустӣ ва ҳолати ҳуқуқии ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад.
4.5. Ҳангоми истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ метавонад бо маълумоте, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, бархӯрад. Бо вуҷуди ин, бо такия ба таваккал Муштарӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап” розӣ мегардад ва Оператор дар назди Муштарӣ барои мундариҷае, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, ӯҳдадор немегардад.
4.6. Оператор барои дастрас намудани истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” дар ҳар ҷо ӯҳдадор нест. Муштарӣ бо ихтиёри худ барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода менамояд ва барои риояи қонунҳои амалкунанда худаш ӯҳдадор аст. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат ҳангоми риоя нашудани шартҳои Созишномаи мазкур ва/ё фармони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии Муштари ба барномаи “Чӣ Гап”-ро тағийр, боздошт, бартараф ва ё масдуд намояд.
4.7. Оператор аз иҷрои қисман ё пурраи ӯҳдадориҳои худ, инчунин иҷро накардан ва / ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ оид ба Шартномаи мазкур озод карда мешавад, агар иҷро накардани ин ӯҳдадориҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ба амал омада бошад. Илова ба ҳолатҳои фавқулодда, ки ба таври умум қабул шудаанд, тарафҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки амалҳои Ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва / ё ташкилотҳо, ки боиси маҳдуд шудани қобилияти Оператор дар расондани Хизматрасониҳо ва / ё тағир додани шакл ва тартиби пардохт, ҷараёни насб, озмоиш ва танзими техникии таҷҳизот мебошанд.  

5. ТАРОФАГУЗОРӢ
5.1. Барномаи “Чӣ Гап” тарофагузории зангҳоро мутобиқи тарофаҳои Оператор, ки дар торнамои Оператор нашр шудааст, ба назар мегирад.
5.2. Ҳисоббарорӣ аз ҳисоби шахсии Муштарӣ, суръат гирифта мувофиқи тарофагузории амалкунандаи барномаи “Чӣ Гап” ҳисоб карда мешавад.
5.3. Агар Муштарӣ дар як вақт бо чанд Муштариёни дигар дар режими телеконфронс зангҳои садоӣ тариқи SIP OUT оғоз намояд, дар ин ҳолат зангҳо аз рӯи миқдори зангҳо (Муштариёни дар конфронс иштироккунанда), мутобиқи тарофаҳои муқарраргаштаи барномаи “Чӣ Гап” тарофагузорӣ мегардад.
5.4. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат бо огоҳии пешакӣ мувофиқи Шартномаи Муштарӣ тағйротҳо ба барномаи “Чӣ Гап” ворид намояд ва ба Муштариён тавассути Торнамои Оператор ва бо роҳҳои дигари огоҳ кардан огоҳӣ намояд.
5.5. Оператор ҳақ дорад яке ва ё ҳама функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”-ро барои истифода, дар муддати муайян, ройгон пешниҳод намояд.

6. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
6.1. Муштарӣ аз Мағозаи Барномаҳо ва ё торнамои Оператор барномаи “Чӣ Гап”-ро боргирӣ менамояд;
6.2. Муштарӣ мувофиқи дастурамал оиди насбгардонӣ дар таҷҳизоти муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро насб менамояд;
6.3. Ҳангоми Муштарӣ доштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст мутобиқи дастурамал рақами фаъоли худро ворид намуда бо шартҳои Созишнома розӣ шуда онҳоро қабул менамояд.
6.4. Барои гузаштани ҷараёни бақайдгирӣ дар Барномаи “Чӣ Гап”, Муштарӣ рақами фаъолӣ худро нишон медиҳад, ва баъд аз он бо воситаи SMS бо таври автоматикӣ рамзи ба таҷҳизоти худ омадаро барои ворид шудан ба Барномаи “Чӣ Гап” қабул менамояд, ин ҷараён ба Муштарӣ имкон медиҳад, ки дар Барномаи “Чӣ Гап” ба қайд гирифта шавад ва онро истифода барад.
6.5. Муштарӣ ӯҳдадор аст, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хавфҳои марбут бо истифодаи мавод, иттилоот, хизматрасонӣ ва маҳсулот дар Интернет, ки дар натиҷаи истифодаи барномаи “Чӣ Гап” ба вай дастрас шудааст, мустакилона масъулият бардорад.
6.6. Оператор танҳо барои Хизматрасониҳои аз ҷониби Оператор дар барномаи “Чӣ Гап” пешниҳодшуда ҷавобгар мебошад ва барои хизматрасониҳои тарафи сеюм тавассути барномаи Барномаи “Чӣ Гап” масъул намебошад.

7. РОЗИГӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАЪЛУМОТҲО
7.1 Оператор маълумотҳои истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро, аз он ҷумла маълумоти шахсии Муштариро мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи махфият аз ҷониби Оператор, ба даст меорад, ҷамъ менамояд ва аз он истифода менамояд.
7.2 Бо баробари бо барномаи “Чӣ Гап” истифода бурдани Муштарӣ, ӯ бо он, ки Оператор метавонад маълумотҳои техникӣ ва маълумоти мувофиқшуда, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба маълумоти техникии таҷҳизоти Муштарӣ, маълумот оиди система ва барномаи музофотӣ, ки аз ҷониби Оператор барои барӯзгардонӣ/ворид намудани тағийрот ба функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, ва дигар хизматрасониҳои ба барномаи “Чӣ Гап” тааълуқдошта (дар ҳолати вуҷуди он) ҷамъ мегардад, истифода намояд. 

8. ТАҒИЙРОТ БА СОЗИШНОМАИ МАЗКУР
8.1 Оператор дар ҳама ҳолат метавонад ба Созишномаи мазкур тағийрот ворид намояд. Тағийротҳо дар торнамои Оператор ва Мағозаи Барномаҳо нашр гашта аз замони нашри он эътибор дорад. 
8.2 Муштариён оиди тағийротҳо ба Созишномаи мазкур ва ё қатънамоии Созишномаи мазкур 10 (даҳ) рӯз пеш эътибор гирифтани чунин тағийротҳо огаҳ мегарданд. Созишномаи мазкур аз лаҳзаи дар огоҳӣ мушахассшудаи он тағийрёфта ё қатъгардида ҳисобида мешавад.
8.3 Агар Муштарӣ дар давоми 10 (даҳ) рӯз аризаи норозигии худ оиди ворид намудани тағийротҳо ба Созишномаро ё радди қабули тағийротҳоро ба ҷониби Оператор ирсол нанамояд, ва/ё баъди эътибор гирифтани чунин тағийротҳо бо барномаи “Чӣ Гап” истифодабариро давом диҳад, чунин тағийротҳо аз ҷониби Муштарӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.

9. ӮҲДАДОРИҲОИ МУШТАРӢ
9.1. Муштарӣ барои ҳамаи амалиётҳое, ки дар Ҳисоби муштарӣ рӯй медиҳад, ӯҳдадор аст ва дар ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудан ва ё вайроншавии бехатарии Ҳисоби муштарӣ, Муштарӣ саривақт Операторро огаҳ месозад. Оператор барои зараре, ки ба ҷониби Муштарӣ дар натиҷаи истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” бо/бидуни хабар доштани Муштарӣ расонида шудааст, ӯҳдадор намебошад.
9.2. Муштарӣ ҳақ надорад:
9.2.1. маълумоте, ки барои Муштарӣ тааълуқ надорад онро ба даст орад, гӯш диҳад, вайрон намояд ё дар мубодилаи он монеъ шавад;
9.2.2. бо мақсади ғалатсозӣ, несткунӣ, зараррасонӣ, тақлидкорӣ ва ё шикасти пуррагии барномаи “Чӣ Гап”-ро аз ягон барномаҳои кодӣ - «вирусҳоb компютерӣ», «троянҳои компютерӣ», «кирмҳои компютерӣ», «бомбаҳои суст амалкунанда» истифода намояд;
9.2.3. бидуни розигии гирандагони пайёмҳои тӯдаи тиҷоратӣ (инчунин бо номи «СПАМ» машҳуранд), ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузорӣ манъ гаштаанд, ё бо мақсади «фишинг» («ба даст овардани маълумоти боарзиш), ё бо мақсади «фарминг» (равона намудани трафик ба ягон торнамоҳои махсус), ё бардурӯғ намудани ҳувияти худ ё тақлидкории алоқаи худ ба дигар ҷониб ё ширкат, аз барномаи “Чӣ Гап” истифода намояд;
9.2.4. дар байни муштариёни дигар паҳн намудани  маводҳои характери таҳқиромездошта ё маводҳои эҳтимолан ба шахсони ба балоғат нарасида, маводҳои дорои характери қабеҳ ё дигар маводҳои хатактери номатлубдоштаро фиристад;
9.2.5. кӯшиш намояд барои сохтани мамоният ё носозӣ ба ҷониби сеюм барои таҳдид ё дахолат кардан ба ҳаёти шахсии ҷониби сеюм, барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
9.2.6. маводҳои Муштарӣ, ки аз рӯи қонун ба ҷониби сеюм тааълуқ дорад, ғайр аз ҳолатҳое, ки вақте ки Муштарӣ розигии шахсони дорои чунин ҳуқуқҳоро дорад, истифода барад;
9.2.7. барои ба даст овардани маълумоти махфӣ, аз он ҷумла, номи дигар Муштариён барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
9.2.8. барои дастрас будани функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, хусусан, тариқи ҳуҷумҳои DOS (denialofservice – қатъи хизматрасонӣ) ё DDoS (distributeddenialofservice – қатъи хизматрасонии тавзифшуда), таъсир намояд ва ё кӯшиш намояд таъсир намояд.

10. ҚОИДАИ БОЗГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒ
10.1. Агар Муштарӣ барои тарофагузоришавии зангҳо тариқи барномаи “Чӣ Гап” на аз рӯи тарофаи Оператор бовар дошта бошад, ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми 30 (сӣ) рӣз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ ба тарзи хаттӣ ба Оператор аризаи худро пешниҳод намояд. Талаботҳо оиди бозгардонидани маблағ баъди гузаштани 30 (сӣ) рӯз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ беэътибор дониста мешавад.
10.2 Оператор, агар гумон дошта бошад, ки:
(а) Муштарӣ кӯшиш дорад беинсофона аз қоидаҳои бозгардонидани маблағ сӯиистифода менамояд, масъалан, як чанд маротиба аризаи барои бозгардонидани як маблағи баҳсшаванда (оне, ки пештар баҳсшудааст) пешниҳод менамояд;
(б) Муштарӣ шартҳои Созишномаи мазкурро риоя наменамояд;
(в) тибқи далелҳои мавҷудаи Оператор, ки Муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.

11. МОЛИКИЯТИ ХУСУСӢ
11.1 Барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла торнамои Оператор, инчунин нишони тиҷоратии “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо бо ҳуқуқҳои муаллиф ва дигар қонунгузориҳо оиди моликияти маънавӣ махфуз гаштааст.
11.2. Оператор соҳиби ном, ҳуқуқи муаллиф ва дигар ҳуқуқҳои маънавии барномаи “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо, тағийротҳо ба он, ва барномаи асосӣ (аз он ҷумла баёнҳои Муштариён оиди барномаи “Чӣ Гап”) ба ҳисоб меравад.
11.3. Мутобиқи шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-ум, ҳуқуқҳо нисбат ба литсензияи барномаи ҷониби сеюм махфуз шудаанд. Бо литсензияи барнома розӣ шудан, Шумо бо шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-уми литсензияи барнома, розӣ ҳастед.

12. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
12.1. Ҳамаи баҳсҳо ва шикоятҳое, ки аз Шартномаи мазкур, бармеоянд бояд бо роҳи гуфтушунидҳо ҳал карда шаванд.
12.2. Дар ҳолате, ки агар Ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ба созиш наоянд, баҳсҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба амал бароварда мешаванд.

13. БАРНОМАИ ШАХСОНИ СЕЮМ
13.1. Дар барномаи “Чӣ Гап”, барномаи шахсони сеюм истифода шудааст. 

14. СИЁСАТИ КОРБУРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ
14.1. Сиёсати мазкур тарзи қабул, ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот дар Торнамои Оператор, барномаи “Чи Гап” ва дар дигар пешниҳодҳову хизматрасониҳо, ки бо воситаи барномаи “Чи Гап” пешкаш мегардад (минбаъд дар матн дар якҷоягӣ “Хизматрасониҳо”) муайян менамояд.
14.2. Бо баробари ба Торнамои Оператор ташриф овардан ё истифодабарии Хизматрасониҳо, Муштарӣ бо қоидаву шартҳое, ки дар Сиёсати мазкур тавсифшудааст, ки метавонад бо мурури замон тағийр ёбад, розӣ буда онҳоро қабул менамояд. Ҳар бор, ҳангоме ки Муштарӣ ба Торнамои Оператор ташриф меорад ё Хизматрасониҳоро истифода менамояд, Муштарӣ ба Оператор барои ҷамъоварӣ, истифода ва ошкори маълумоти пешниҳоднамудани Муштарӣ мувофиқи тартиботе, ки дар Сиёсати мазкур муқаррар гардидааст, розигии бевоситаи худро медиҳад.
14.3. Дар Сиёсати мазкур “Маълумоти шахсӣ” маънои маълумот дар бораи Муштариро дорад, ки барои муайян намудани ҳувияти Муштарӣ истифода мешавад, ба монанди: ному насаб, суроғаи зист, суроғаи имейли ва амсоли онҳоро, дар назар дорад.
14.4.“Маълумоти беимзо” маънои маълумотеро, ки бо воситаи он ҳувияти Муштарӣ ё ки ба маълумоти шахсии Муштарӣ алоқаманд нобуда, ба амсоли маълумотҳои маҷмӯъгашта, маълумоти умумии демографӣ ва суроғаҳои IP, ошкор намегардад. Маълумоти беимзо имкон намедиҳад, ки ҳувияти шахсӣ воқеӣ муайян гардад.
14.5. Ҳангоми насб кардани барномаи “Чи Гап” ва сабти ном дар Барномаи “Чи Гап”, Муштарӣ барои муайянсозӣ рақами Муштариро истифода мебарад ва ба рӯйхати тамосҳои таҷҳизоти Муштарӣ дастрасӣ медиҳад.
14.6. Оператор ягон маълумотро ба ҷониби сеюм, ғайр аз ҳолатҳои дар поён оварда, барои истифода, фурӯш ва ё паҳннамоӣ пешниҳод наменамояд. Оператор метавонад Маълумоти шахсиро дар ҳолатҳои зерин ифшо намояд:
a) ҳангоми иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ ва ё ҳалли додгоҳ нисбат ба Муштарӣ;
b) ҳифзи ҳуқуқ ё моликият (аз он ҷумла иҷро намудани созишномаи мо);
c) фароҳам овардани муҳофизати истифодабарандагони Хизматрасонии мо ё намояндагони ҷамъият дар ҳолатҳои фавқулода.
14.7. Барои пешниҳод намудани маҳсулотҳои зарурӣ Оператор метавонад гоҳе, агар чунин зарурат вуҷуд дошта бошад, Маълумоти шахсиро (ғайр аз рӯйхати тамосҳо ва амсоли онҳо) ва маълумотҳои интиқолшавандаро бо шарикони-таъминкунандагони боэътимоди хизматрасониҳо ва/ё агентҳо, масъалан: ширкатҳои молиявӣ (бонкҳо) ва дигар таъминкунандагони молиявӣ ва хизматрасониҳои таҳлилӣ, кӯмаки мизоҷон ё хостинг, табодул намояд. Оператор аз шахсони сеюми мазкур ҳамеша талаб менамояд, ки барои ҳифз намудани маълумоти шахсӣ ва маълумотҳои интиқолшаванда чораҳои зарурӣ ва техникӣ андешидашуда, инчунин, қонунгузориҳои дахлдор риоя гардад. Оператор ҳеҷгоҳ, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун талаб менамояд, ба шахсони сеюм маълумот оиди рӯйхати тамосҳои шуморо пешниҳод наменамояд. Оператор дар ҳолати вуҷуд доштани хатар барои амнияти давлат, чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ё дигар вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, метавонад маълумотро пешниҳод намояд.
14.8. Оператор метавонад гоҳ-гоҳ аз Муштарӣ маълумот оиди таҷрибаи истифодабарӣ, ки Оператор онро барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасони истифода мебарад, пурсад. Муштарӣ дар ҳеҷ ҳолат ӯҳдадор нест, ки чунин маълумотро пешниҳод намояд. Ҳама намуди маълумотҳо, ки Муштарӣ бо хоҳиши худ тариқи формаи тамос дар Торнамо ва ё дигар пурсишҳо, ки бо розигии Муштарӣ суръат мегирад, пешниҳод менамояд, барои омӯзиши фикру пешниҳодҳои Муштариён ва беҳбуд намудани баррасӣ, Хизматрасониҳо ва торнамои Оператор истифода мешавад.
14.9. Оператор метавонад ба Муштарӣ оиди хатогиҳо, мушкилот бо пешниҳод намудани хизматрасонӣ, пайём фиристад. Оператор инчунин ҳуқуқ дорад, бо истифода аз имейл ё СМС Шуморо оиди ҳар гуна даъвоҳои эҳтимолӣ, ки ба истифодаи барнома, торнамо ва ё маҳсулотҳо, аз он ҷумла, бидуни маҳдудият, даъвоҳо оиди вайрон гаштани ҳуқуқҳои шахсони сеюм, ки аз ҷониби Шумо суръат гирифтааст, хабардор созад.
14.10.Оператор барои ҳифзи Маълумотҳои шахсӣ аз истифодаи нодуруст, гум ва дастрасии беиҷозат чораҳои оқилонаро меандешад. Бо вуҷуди он, ки Оператор ҳамаи чораҳои ҷисмонӣ, электронӣ ва тартиботиро барои ҳифзи Маълумоти шахсӣ пеша менамояд, Оператор наметавонад кафолат диҳад, ки Маълумоти шахсӣ аз дастрасии беиҷозат эъмин мебошад.

15. МАЪЛУМОТҲО БАРОИ ТАМОС
Муштариён ҳамаи саволҳое, ки марбут ба Созишнома, метавонанд ба суроғаи зерин фиристанд:
ҶСП “Индиго Тоҷикистон”
Хиёбони Рӯдакӣ, 34 (Tcell Plaza)
734025, ш.Душанбе, Тоҷикистон
Email: chigap@tcell.tj

Барои чӣ Чӣ Гап?

Бо баромаи «Чӣ Гап» дар гушаи дилхоҳи дунё қарор дошта метавонед:

  • РОЙГОН ба дигар истифодабарондагони «Чӣ Гап» занг занед.
  • МУФИД ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон занг занед.
  • ҚУЛАЙ аз барнома бо забони модарӣ истифода кунед.
  • НАЗОРАТИ осони тавозуни худ.

«Чӣ Гап»-ро боргирӣ намо